Қатораи мусофирбари иловагӣ дар хатсайри Хуҷанд-Маскав

Дар хатсайри роҳи оҳани Хуҷанд-Маскав аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» равуои қатораи мусофирбари иловагӣ ба роҳ монда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, роҳандозии ҳаракати қатораи мусофирбари иловагӣ дар ин хатсайр ба афзоши шумори муҳоҷирони корӣ, ки ба ватан бармегарданд, марбут аст. Ба иттилои манбаъ, равуои […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар хатсайри роҳи оҳани Хуҷанд-Маскав аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» равуои қатораи мусофирбари иловагӣ ба роҳ монда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, роҳандозии ҳаракати қатораи мусофирбари иловагӣ дар ин хатсайр ба афзоши шумори муҳоҷирони корӣ, ки ба ватан бармегарданд, марбут аст.

Ба иттилои манбаъ, равуои қатораи мусофирбари иловагӣ тавассути ин хатсайр то ахири соли равон идома ёфта, сипас оид ба фаъолияти минбаъдаи он тасмим гирифта мешавад.

«Ҳамааш ба шумори мусофирон вобаста буда, агар талабот пайдо шавад, пешниҳод ҳам рӯйи кор хоҳад омад, вале таҷрибаи солҳои пешин гувоҳи он аст, ки бо фарорасии Соли нави милодӣ шумори мусофирон аз Русия бамаротиб коҳиш меёбад», – гуфтанд дар корхона.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон тавассути хатсайри Хуҷанд-Маскав дар як ҳафта ду қатораи мусолфирбар равуо доранд. Ҳамчунин ба Русия ҳаракати қатораҳои мусофирбар тавассути хатсайрҳои Душанбе-Маскав (3 маротиба дар як ҳафта) ва Кӯлоб-Маскав (ду маротиба дар як ҳафта бо равуо аз Душанбе) ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки баҳори соли равон бинобар сабаби нокифоягии мусофирон, ҳаракати қатораҳо бо хатсайри Хуҷанд-Саратов муваққатан боздошта шуд.

Айни замон дар дохили ҷумҳурӣ қатораҳои мусофирбар тавассути хатсайрҳои Душанбе-Пахтаобод (ҳамарӯза) ва Қӯрғонтеппа-Сангтӯда (ҳар ҳафта як маротиба) ҳаракат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.