Омӯзиши таҷрибаи шаффофияти буҷетии кишварҳои хориҷӣ

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул ва таҷрибаи дигар кишварҳо» конфронси байналмилалии якрӯза доир мегардад, ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди мунисипалӣ» бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи ҶТ созмон дода мешавад. Тавре аз ТҶ «Маркази рушди мунисипалӣ» […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул ва таҷрибаи дигар кишварҳо» конфронси байналмилалии якрӯза доир мегардад, ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди мунисипалӣ» бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи ҶТ созмон дода мешавад.

Тавре аз ТҶ «Маркази рушди мунисипалӣ» хабар доданд, барои иштирок дар конфронс коршиносон аз Қирғизистон, Гурҷистон ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз шаш шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Қайроққум, Ҷ. Расулов, Сарбанд, Роғун, Ҳисор ва Ҷиликӯл, ки ба амалигардонии усулҳои шаффофияти буҷетӣ ва таҳкими сиёсати шаффофияти буҷетӣ дар сатҳи маҳаллӣ ҷалб шуда буданд, даъват карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаҳо иштирок намуда, фикру тавсияҳои хешро оид ба фишангҳои самараноки иштироки шаҳрвандон дар ҷараёни буҷетӣ пешниҳод хоҳанд кард..

Қобили зикр аст, ки ин чорабинӣ ҳамчун муҳокимаи байни коршиносон аз кишварҳои гуногун бо мақсади таҳкими шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон унвон мешавад.

Конфронси мазкур давраи хотимавии лоиҳаи «Мусоидат ба шаффофияти буҷети маҳаллӣ» мебошад, ки аз тарафи барномаи Шарқ-Шарқи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дастгирӣ ёфтааст. Дар амалӣ намудани ин лоиҳа инчунин Маркази технологияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Институти тадқиқоти иҷтимоию иқтисодии Қафқози Гурҷистон иштирок намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.