Идомаи баррасии парвандаи марги Баҳромиддин Шодиев

Баррасии парванда оид ба марги сокини 28-солаи пойтахт Баҳромиддин Шодиев, ки пас аз пурсиш дар Шуъбаи ВКД –и ноҳияи Шоҳмансур ба ҳалокат расида буд, дубора оғоз гардид. Парвандаи мазкур тӯли 9 моҳ мавриди тафтиши иловагӣ қарор дошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, ҷаласаи аввал пас аз таваққуфи тӯлонӣ рӯзи […]

Наргис Ҳамробоева


Баррасии парванда оид ба марги сокини 28-солаи пойтахт Баҳромиддин Шодиев, ки пас аз пурсиш дар Шуъбаи ВКД –и ноҳияи Шоҳмансур ба ҳалокат расида буд, дубора оғоз гардид. Парвандаи мазкур тӯли 9 моҳ мавриди тафтиши иловагӣ қарор дошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, ҷаласаи аввал пас аз таваққуфи тӯлонӣ рӯзи 28-уми ноябр дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор шуд.

Дар курсии айбдорӣ собиқ муфаттиши Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳмон Додов нишаста буд, ки ба ба хунукназарӣ муттаҳам дониста мешавад. Дар ҷаласаҳои судии моҳи марти соли равон прокурор барои ӯ ду соли маҳрумият аз озодиро талаб намуда буд, вале ҳимоятгари ӯ ба эътирофи айбдорӣ ва бегуноҳии пурра зерҳимояи худ исрор варзида буд.

«Имрӯз суд Додов ва модари Шодиев – Ниёзбибӣ Бӯриеваро бозпурсӣ намуда, дархости мо бобати ба мурофиа даъват намудани шоҳидони иловагӣ, аз ҷумла табибон ва хешовандони ҷабрдидаро, ки қабл аз ба хок супурдан ҷасади ӯро шуста буданд, қонеъ кард», – гуфт ҳимоятгар.

Ба қавли номбурда, ҷаласаи навбатии судӣ оид ба ин парванда рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 3-юми декабр доир мегардад.

«Мо аз суд дархост намудем, ки ба қонуншиканиҳои ошкоршуда зимни баргузории тафтишоти пешакӣ ва мухолифати баёноти шоҳидон дар мурофиаҳои судии қаблӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир созад», – иброз дошт ҳимоятгар.

Ёдрас мекунем, ки гумонбаршуда ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола дар ҳолати вазнин аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба Маркази миллии тиббӣ интиқол дода шуд ва пас аз 10 рӯз ба ҳалокат расид.

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Гумонбаршуда баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканда, ба ҳалокат расидааст.

Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.

Пас аз ин ҳодиса дар Вазорати корҳои дохилӣ тафтишоти дохилӣ доир гардида, барои риоя накардани тартиботи бозпурсӣ кормандони фаврӣ –  майори милиса Диловар Муродов, капитани милиса Алишер Иноятов ва муфаттиши масъули тафтиши ҳодисаҳои дуздӣ лейтенанти милиса Абдураҳмон Додов аз мансаб сабукдӯш гардиданд.

Ғайр аз ин, муовини сардори ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур, подполковники милиса Илҳомҷон Каримов низ аз вазифа озод гардид.

Бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур полковники милиса Сафармад Одинаев, сардори шӯъбаи тафтишот майори милиса Абдуқодир Назаров ва муовини ӯ Баҳодур Содиқов огоҳии қатъӣ эълон гардид.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.