Кӯмаки Ҷопон ба афроди имконияташон маҳдуди Тоҷикистон


Ассотсиатсияи Кӯмак ва Дастгирии Ҷопон (АКД Ҷопон) марҳилаи аввали лоиҳаи «Мустаҳкамгардонии истеҳсолоти аробачаи маъюбӣ/ва таъмири боми мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ба он тобеъбуда»-ро санаи 24-уми ноябри соли 2012 ба анҷом расонид. Лоиҳаи мазкур аз тарафи сафорати Ҷопон бо ҳудуди 560 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ шуд.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар лоиҳаи мазкур АКД Ҷопон ташкилоти истеҳсоли аробачабарории “Дилшод”-ро дар ноҳияи Вашх дастгири намуда, барои мустаҳкам намудани истеҳсолот кӯмак намуд ва шароити таҳсилро дар Мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор барои Кӯдакони Маъюб беҳтар гардонид.

Тариқи ҳамкори бо муттахасиси Ҷопонӣ, АКД Ҷопон тавонист, ки истеҳсолоти аробачаи маъюбиро дар ТҶ “Дилшод” равнақ дода, истеҳсолотро бо сифати баланд ба роҳ монад. Аробачаи маъюбӣ хело ҳам мустаҳкам буда, он мувофиқи андоза ва категорияи шахсони маъюб истеҳсол карда мешавад. Аз аз моҳи октябри соли 2012 то ноябри соли равон дар 4 ноҳияҳои Хатлон ва 4 ноҳияҳои дигари тобеъ ҳамаги 104-то аробачаи маъюбӣ тақсим карда шудааст.

Инчунин, АКД Ҷопон ба воситаи бомпӯш намудани боми мактаб-интернат, ки пештар аз бом об ба дохили бино ворид мегардид ва инчунин тарики таъмир намудани Гармхона ки ба таъмири ҷиддӣ ниѐз дошт, барои таҳсили хонандагон шароит фароҳам намуд. Ҳамаи 318 нафар хонандагоне, ки дар он ҷо таҳсил менамоянд акнун худро бароҳат ва дар ҷойи бехатар ҳис менамоянд ва бо ҳамроҳи деҳқононе, ки дар наздикии Гармхона зиндаги мекунанд якҷоя ба корҳои заминдорӣ машғул мешаванд.

АКД Ҷопон санаи 28 ноябри соли 2012 чорабинии анҷоми марҳилаи аввали лоиҳаро бо иштироки сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳироюки Имаҳашӣ гузаронид. Координатори бахши АКД Ҷопон Дар Тоҷикистон ҷаноби Ёшио Накагава дар ин чорабинӣ баромад намуда, фикру ақидаҳои худро нисбати пеш бурдани маъюбони Тоҷикистон дар ин лоиҳа баён намуд.

АКД Ҷопон ташкилоти ғайридавлатӣ буда, фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 2001 то инҷониб бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии маъбон ба роҳ мондааст.

spot_imgspot_img

Популярное