Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров пас аз суҳбати телефонӣ бо муассис ва роҳбари шабакаи иҷтимоии Facebook Марк Сукерберг изҳор кардааст, ки шояд рӯзҳои наздик дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон барқарор карда шавад.
«Ман ба маълумоти муҳтарам Сукерберг расонидам, ки қаблан Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардаву аксари шаҳрвандон дар он наздикони худро аз даст додаанд ва онҳо аз нашри ҳар гуна даъватҳои ифротгароёнаву туҳматҳои нашршуда дар шабака изҳори нигаронӣ мекунанд», – менависад Интерфакс бо такя ба гуфтаҳои Зуҳуров.
Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти алоқа ба хабарнигори РИА Новости гуфтааст, пас аз ҳалли як қатор масоили техникӣ, рӯзҳои наздик дастрасӣ ба ин шабака барқарор хоҳад шуд.
«Ман ваъда додам, ки гурӯҳи ихтиёриёни худро мутмаин хоҳам сохт, ки рӯзҳои наздик дастрасӣ ба шабакаи Facebook-ро барқарор созем ва сипас мушоҳида хоҳем кард, ки корбарони он чӣ гуна рафтор мекунанд», – иброз доштааст Зуҳуров.
Дар ҳамин ҳол, зимни мусоҳиба бо хабарнигори ИТАР-ТАСС Бег Зуҳуров изҳор намудааст, ки ба Сукерберг рӯзи шанбе барқарор кардани дастрасӣ ба шабакаро ваъда додааст. «Онҳо худашон тавассути тарҷумон бо ман дар тамос шуда, сабабҳои қатъи дастрасӣ ба шабакаро пурсиданд», – гуфтааст Зуҳуров.
Ба қавли Зуҳуров, ӯ ба Сукерберг фаҳмонидааст, ки «аз ҷониби «ҷамъиятчиён» (кумитаи махсуси намояндагони ҷомеа дар назди Хадамоти алоқа, ки ним сол пеш таъсис дода шудааст – шарҳи ИТАР ТАСС) чунин тасмим гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки бо супориши Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ рӯзи 26-уми ноябр як қатор ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook-ро қатъ намуданд.
Пас аз ин сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров изҳор кард, ки бо муассиси шабакаи иҷтимоии Facebook Марк Сукербург мулоқот барпо карда, масъалаи тарзи фаъолият ва имкони назорати шарҳҳои интиқодӣ нисбат ба маснабдорони тоҷик дар шабакаро баррасӣ карданист.
«Facebook хӯҷаин дорад ё на? Ӯ ба Тоҷикистон омада метавонад? Рӯзҳои қабул ман метавонистам бо ӯ вохӯрӣ барпо кунам. Агар вақти ӯ танг бошад, ман бо яке аз ёварони ӯ сӯҳбат мекардам», – гуфтааст Бег Зуҳуров ба хадамоти русии Би-Би-Сӣ.
Дар Хадамоти алоқа ҳамчунин изҳор доштанд, ки ба хадамот доир ба «маводи таҳқиркунанда дар бораи кишвар ва шахсони мансабдори мушаххас» арзу шикоятҳо расидаанд.
Қобили зикр аст, ки 3-юми майи соли равон Хадамоти алоқа аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет даъват ба амал оварда буд, ки дастрасӣ ба торнамои Facebook ва чанде аз дигар сомонаҳо, аз қабили Zvezda.ru, Tjknews.com ва Maxala.org-ро қатъ карда шавад. Тӯли соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҳамчунин якчанд маротиба дастрасӣ ба сомонаи news.tj (ОИ «Азия-Плюс») низ қатъ гардида, торнамоҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru, оҷонсии «Озодагон», видеохостинги You Tube ва ғайра мавриди ин амали Хадамоти алоқа қарор гирифта буданд.



