Дарёфти ҷасади ронандаи маст пас аз 8 соати садама

Ахири ҳафтаи гузашта ҷасади ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21093», сокини пойтахт Аҳтам Акрамови 36-сола дарёфт шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Аҳтам Акрамов дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ ба самти кӯчаи Л.Шералӣ, дар чорроҳаи М.Турсунзода–Л.Шералӣ ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Тавалло Ҳакимови 28-сола, ки аз тарафи […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта ҷасади ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21093», сокини пойтахт Аҳтам Акрамови 36-сола дарёфт шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Аҳтам Акрамов дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ ба самти кӯчаи Л.Шералӣ, дар чорроҳаи М.Турсунзода–Л.Шералӣ ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Тавалло Ҳакимови 28-сола, ки аз тарафи хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа нақлиётҳо зарари техникӣ гирифта, ронанда Акрамов воситаи нақлиётро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Ба иттилои манбаъ, субҳи рӯзи дигар кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади А.Акрамовро дар рӯ ба рӯи маҳбасхонаи №1-и шаҳри Душанбе дарёфт кардаанд. Айни замон сабабҳои марги ӯ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Бохтар ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел», сокини 53-солаи ноҳияи Панҷ Обидҷон Султонов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Суҳроб Қулмаҳмадови 16-сола ва мусофири велосипед Акрамҷон Султонови 11-соларо бо автомашинааш пахш мекунад. Дар натиҷа ноболиғон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.