Манъи ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Хобуробод

Ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди ағбаи Хобуробод, ки тариқи ноҳияи Тавилдара маркази кишварро бо ВМКБ мепайвандад, манъ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, манъи ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ ба боришоти зиёди барф дар минтақаи мазкур вобаста аст. Айни замон баландии барф дар ағба аз 40 см то 1 […]

Аваз Юлдошев


Ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди ағбаи Хобуробод, ки тариқи ноҳияи Тавилдара маркази кишварро бо ВМКБ мепайвандад, манъ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, манъи ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ ба боришоти зиёди барф дар минтақаи мазкур вобаста аст. Айни замон баландии барф дар ағба аз 40 см то 1 метрро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, барқарор шудани ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ танҳо нимаи моҳи майи соли оянда дар назар буда, дар ин давра ҳаракати нақлиёт аз пойтахти ҷумҳурӣ ба ВМКБ тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Шӯрообод-Дарвоз-Хоруғ амалӣ мегардад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаракати нақлиёт дар дигар роҳҳои мошингарди кишвар тавассути ағбаҳои баландкӯҳ мувофиқи реҷаи муқаррарӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.