Коҳиши вақти интиқоли барқ ба аҳолӣ дар ҷануб

Дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вақти интиқоли барқ ба аҳолӣ коҳиш дода шуд. Ба қавли сармуҳандиси муассисаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» Шарифхон Исоев, агар аввали моҳи ноябр истеъмолгарон 9 соат – аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 17 то 23-и шом бо барқ таъмин мешуданд пас имрӯз онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6 […]

Сайраҳмон Назриев


Дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вақти интиқоли барқ ба аҳолӣ коҳиш дода шуд.

Ба қавли сармуҳандиси муассисаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» Шарифхон Исоев, агар аввали моҳи ноябр истеъмолгарон 9 соат – аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 17 то 23-и шом бо барқ таъмин мешуданд пас имрӯз онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6 соат – аз соати 6 то 7:30-и субҳ ва аз соати 17:30 то 21-и шом бо барқ таъмин мегарданд.

Ба гуфтаи вай, аввали моҳи ноябр ба минтақа шабонарӯзӣ 2 млн. 440 ҳазор кВт/соат ва ба шаҳри Қӯрғонтеппа 567 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ҷудо мегардид. «Феълан мо шабонарӯзӣ 2 млн. 550 ҳазор ва барои шаҳри Қӯрғонтеппа бо 752 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ таъмин мегардем, вале ба иллати сард шудани обуҳаво ҳаҷми истеъмол низ  афзуда, мо маҷбурем, ки вақти интиқоли барқро барои аҳолӣ коҳиш диҳем», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, дар минтақа низоми гармидиҳӣ фаъолият надошта, газ ҳам нест ва аз ин рӯ, тамоми вазнинӣ ба дӯши шабакаҳои барқӣ вогузор мешавад. «Агар ин низомҳо кори устувор дошта бошанд, мо вақти интиқоли барқ ба аҳолиро зиёд карда метавонем», -иброз дошт Исоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.