Русиягиҳо Тоҷикистонро шарики боэътимод намедонанд

Шаҳрвандони Русия бар ин назаранд, ки Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ кишвари аз ҳама бештар ноустувор ва номуваффақ аст. Дар ин бора дар таҳқиқоти ҳамасолаи Маркази умумирусмиягии омӯзиши афкори ҷомеа (ВЦИОМ) маълумот дода шудааст. Ба андешаи шаҳрвандони Русия, миёни кишварҳои узви ИДМ кишварҳои аз ҳама бештар устувору муваффақ Белорус ва Қазоқистон мебошанд, ки мутаносибан 45% ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Шаҳрвандони Русия бар ин назаранд, ки Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ кишвари аз ҳама бештар ноустувор ва номуваффақ аст. Дар ин бора дар таҳқиқоти ҳамасолаи Маркази умумирусмиягии омӯзиши афкори ҷомеа (ВЦИОМ) маълумот дода шудааст.

Ба андешаи шаҳрвандони Русия, миёни кишварҳои узви ИДМ кишварҳои аз ҳама бештар устувору муваффақ Белорус ва Қазоқистон мебошанд, ки мутаносибан 45% ва 33%-и пурсидашудагон чунин ибрози назар кардаанд. Мақоми сеюмро Украина (19%) касб карда, дар идома Арманистон (7%), Озарбойҷон (6%), Гурҷистон (5%), Туркманистон (4%), Қирғизистону Молдова ва Ӯзбекистон 3 фоизӣ ва Тоҷикистон (1%) қарор доранд.

Тибқи ин назарсанҷӣ, кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ – Белорус (46%) ва Қазоқистон (38%) шарики боэътимодтарини Русия баҳогузорӣ шуда, дар пурсиши ин масъала Украина 17%, Арманистон – 5%, Қирғистону Озарбойҷон ҳар кадоме – 4%, Молдова, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳар кадоме 2 фоизӣ овоз гирифтаанд. Гурҷистон шарики беэътимодтарини Русия дониста шуда, ҳамагӣ 1%-и пурсидашудагон онро шарики боэътимод арзёбӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвадони Русия аз ҳама бештар ба президенти Белорус Александр Лукашенко (34%) ва сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев (31%) бовар доранд. Дар мақомҳои баъдӣ сарони кишварҳои Украина Виктор Янукович (12%), Озарбойҷон Илҳом Алиев (5%), Арманистон Серж Саргсян ва Қирғизистон Алмазбек Отамбоев (ҳар кадоме 3%), Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов (ҳар кадоме 2%) ҷойгир шудаанд. Рейтинги боварӣ ба сарони кишварҳои Молдова Николае Тимофтӣ ва Гурҷистон Михаил Саакашвили ҳамагӣ 1%-ро ташкил додааст.

Назарсанҷӣ рӯзҳои 24-25-уми ноябри соли равон дар 136 мҳаллаҳои аҳолинишин ва 46 вилоятҳои Русия доир гардида, дар он 1,6 ҳазор нафар иштирок кардаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.