Таҷлили солгарди таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милиса

Дар ҳудуди бино ва машқгоҳи Дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД (ОМОН) бахшида ба солгарди таъсиси ин даста чорабинии бошукӯҳ таҷлил гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, роҳбарият ва ҳайати шахсии ДТММ иштирок намуданд. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ вазири корҳои дохилӣ […]

ASIA-Plus


Дар ҳудуди бино ва машқгоҳи Дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД (ОМОН) бахшида ба солгарди таъсиси ин даста чорабинии бошукӯҳ таҷлил гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, роҳбарият ва ҳайати шахсии ДТММ иштирок намуданд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ вазири корҳои дохилӣ аз таърихи таъсисёбии ин бахши муҳими ВКД дар давраҳои ҳассоси кишварамон ва фаъолияти пурсамари он то ба имрӯз ёдовар гардид.

Дар чорабинӣ оид ба вазифаву саҳми арзандаи дастаи мазкур дар амалиётҳои махсуси ҷангӣ ва безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳ, ёдоварӣ карда шуда, қайд гардид, ки вазифаҳои асосии ДТММ ВКД аз барҳам додани гурўҳҳои террористӣ, роҳзанона, ғоратгарона, ҷиноятҳои бо муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъадор алоқаманд, пешгирӣ намудани вайронкуниҳои гурўҳии тартиботи ҷамъиятӣ, бетартибиҳои оммавӣ ва иҷрои дигар амру супоришҳои Роҳбари давлат ва Вазири корҳои дохилӣ мебошад.

Вазифаҳои дар боло зикргардида асосан аз ҷониби бахшҳои Дастаи мазкур ба монанди Ротаи таъиноти махсус, Ротаи кӯҳию-тирандозӣ, Хадамоти сапёрию сагшиносӣ, Шӯъбаи алоқаи фаврӣ амалӣ карда мешаванд.

Барои мардонагиву шуҷоат бисёре аз кормандони ин бахш Ҳалимов Гулмурод, Шокиров Носир, Шарипов Нуралӣ, Ғуломов Фаррух, Қурбонов Саидумар ва чандин нафарони дигар бо ордену медал ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.               

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.