Суғд: Кӯдаки 7-моҳа дар сандалӣ сӯхт

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як кӯдаки 7-моҳа бар асари беназорат гузоштани ӯ дар назди сандалӣ ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин фоҷеа субҳи рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ба иттилои манбаъ, аз ҷароҳатҳои сӯхта кӯдак дар роҳ […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як кӯдаки 7-моҳа бар асари беназорат гузоштани ӯ дар назди сандалӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин фоҷеа субҳи рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷароҳатҳои сӯхта кӯдак дар роҳ ба бемористон фавтидааст. Зимни азназаргузаронии ҷасади кӯдак аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт нашуда, ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.