Сабти 86 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ғизо дар соли равон

Тӯли 10 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 86 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз маводи ғизоӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 2 нафар фавтидаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии назди Вазорати тандурустии ҶТ Самариддин Алиев хабар дод, ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо бештар дар мавсими зимистону баҳор ба мушоҳида расида, онҳо аксаран […]

Маҳпора Киромова


Тӯли 10 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 86 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз маводи ғизоӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 2 нафар фавтидаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии назди Вазорати тандурустии ҶТ Самариддин Алиев хабар дод, ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо бештар дар мавсими зимистону баҳор ба мушоҳида расида, онҳо аксаран ба истифодаи нодуруст ё ба таври нокофӣ тозашудаи маҳсулоти ғизоии консервшуда ва риоя накардани шароитҳои нигоҳдории онҳо марбутанд.

«Дар робита ба ин масъала дар хадамот бо иштироки намояндагони тамоми мақомоти дахлдор семинар гузаронида шуда, дар он мушкилоти рӯзмарраи марбут ба нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ, роҳҳои пешгирӣ ва тақвияти назорати эпидемиологӣ, таҳқиқ ва андешидани тадбирҳо зимни хурӯҷ ва ҳамчунин беҳбуди сифати кӯмаки аввалияти тиббиву санитарӣ дар ин ҳолатҳо баррасӣ шуданд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли равон дар минтақаи шимоли кишвар бар асари заҳролудшавии оммавӣ аз ғизо як нафар ҳалок ва 26 нафар бистарӣ шуда буданд. Он замон Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки сарчашмаи заҳролудшавӣ помидорҳои дар хона консервшуда будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.