Дар конфронси матбуотӣ бо иштироки намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳои машғул ба ҳалли мушкилоти афроди имконияташон маҳдуд дар Душанбе оид ба дастнорас будани баъзе бахшҳои фаъолият дар ҳаёти имрӯза барои маъюбон, нафақаи начандон бузурги онҳо ва риоя накардани ҳуқуқи онҳо ибрози назар карда шуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев изҳор намуд, ки ҳуқуматро мебояд ба ин мушкилот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд, зеро дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» тамоми имтиёзот муқаррар шуда бошнад ҳам, вале меъёрҳои он ба таври бояду шояд иҷро намешаванд.
«Мувофиқи Кодекси меҳнати ҶТ, рӯзи корӣ барои маъюбон 6 соат муқаррар шудаааст, аммо аксари корфармоён инро риоя накарда, гузашта аз ин, кӯшиш мекунанд, ки шахсони дорои имконияти маҳдудро умуман ба кор қабул накунанд, зеро дар сурати қабул, онҳоро лозим аст, ки ба онҳо шароитҳои махсуси фаъолият фароҳам созанд», – шикоят мекунад Зикрихудоев.
Ӯ бар ин назар аст, ки ҳукумат бояд ҳаҷми нафақаи маъюбонро зиёдтар кунад. «Феълан маъюбони гурӯҳи дуюм дар Душанбе моҳона 100 сомонӣ ва дар ноҳияиҳои дигар аз ин ҳам камтар нафақа мегиранд», – иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, дар вохӯрӣ ҳамчунин аз масъалаи то ҳанӯз аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ ва ба имзо нарасидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон изҳори таассуф шуда, зикр гардид, ки дар сурати эътирофи ин санади байнулмилалӣ, кафолати риояи ҳуқуқҳои 165 ҳазор нафар шахсони дорои имконияти маҳдуди Тоҷикистон ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии онҳо беҳтар таъмин мегардад.
Зимнан зикр гардид, ки дар чорабинии мазкур ҳамчунин намояндагони Лигаи занони маъюби «Иштирок», Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии афроди ношунавои Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.





