Имзои созишномаи нави Тоҷикистону Русия оид ба муҳоҷирати муташаккил

Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев бо муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнетсов доир гардид. Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, зимни мулоқот масоили роҳандозии ҳузури қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ба муҳоҷирон дастрас будани ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ, аз ҷумла […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев бо муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнетсов доир гардид.

Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, зимни мулоқот масоили роҳандозии ҳузури қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ба муҳоҷирон дастрас будани ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ, аз ҷумла патенти кори қонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин атрофи омодасозии Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи ҷорӣ кардани сафарбарии муташаккили муҳоҷирони корӣ, масоили бима (суғурта)-и ихтиёрӣ ва бо шаҳодатномаҳои  тиббӣ таъмин намудани шаҳрвандони тоҷик табодули назар сурат гирифт.

Дар ҷараёни суҳбат А.Кузнетсов таъкид намуд, ки шаҳрвандони тоҷике, ки барои фаъолияти меҳнатӣ патент доранд, дар асоси қонунгузории Русия метавонанд тавассути пардохти саривақтии андоз муҳлати будубоши худ дар Русияро то як соли дигар тамдид диҳанд.

Дар навбати худ, А.Одинаев ба ҳамсуҳбати худ оид ба фаъолияти намояндагии хадамоти муҳоҷират дар самти ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, дарёфти воситаҳои қонунигардонии фаъолияти онҳо ва андешидани чораҳо ҷиҳати мутобиқсозии муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия маълумоти муфассал дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.