Озмуни «Волидайни беҳтарини сол»-и шаҳрдории пойтахт

Мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти унвони «Волидайни беҳтарини сол» озмун эълон кард. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмун ба хотири таҳкими робитаи падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ, ҳавасманд гардонидани  волидайни беҳтарин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва ҷалби онҳо ба раванди таълиму тарбияи насли наврас гузаронида мешавад. «Дар Озмун волидайни […]

ASIA-Plus


Мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти унвони «Волидайни беҳтарини сол» озмун эълон кард.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмун ба хотири таҳкими робитаи падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ, ҳавасманд гардонидани  волидайни беҳтарин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва ҷалби онҳо ба раванди таълиму тарбияи насли наврас гузаронида мешавад.

«Дар Озмун волидайни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки на камтар аз се нафар фарзандонашон дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд,  ҳуқуқи иштирок  доранд. Озмун дар се марҳила доир гардида, давраи аввал моҳи феврали соли оянда дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ давраи дуюм моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо ва давраи сеюм моҳи апрел дар сатҳи умумишаҳрӣ баргузор мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт ғолиби озмун бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.