Металлҳои қиматбаҳои ширкати русиягӣ дар бозори Тоҷикистон

ҶСК «Корхонаи коркарди металлҳои рангаи Екатеринбург» ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамкорӣ пешниҳод кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, ин корхона дар бахши таъмин бо металлҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин маснуоти нимтайёр барои омодасозии тангаҳои нуқраву тило ҳамкорӣ пешниҳод намудааст. «Мо ба ин пешниҳод таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хостори дарёфти маълумоти бештар дар бораи […]

Заррина Эргашева


ҶСК «Корхонаи коркарди металлҳои рангаи Екатеринбург» ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамкорӣ пешниҳод кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, ин корхона дар бахши таъмин бо металлҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин маснуоти нимтайёр барои омодасозии тангаҳои нуқраву тило ҳамкорӣ пешниҳод намудааст.

«Мо ба ин пешниҳод таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хостори дарёфти маълумоти бештар дар бораи шартҳои ҳамкорӣ гардидем ва агар шартҳои онҳо барои мо қобили қабул бошанд, албатта ҳамкорироҳоро роҳандозӣ хоҳем кард», – зикр карданд дар БМТ.

Ба иттилои намояндагони БМТ, дар ин самт бонки асосии кишвар феълан бо кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкорӣ дошта, аз он қаноатманд аст.

«Соли оянда дар ҷумҳурӣ корхонаи бузурги коркарди металлҳои ранга мавриди истифода қарор мегирад ва мо дар онҷо низ фаъолият карданием», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҶСК «Корхонаи коркарди металлҳои рангаи Екатеринбург» ҳанӯз зимни сафари мақомоти раҳбарии корхона ба Тоҷикистон натанҳо ба БМТ, балки ба Вазорати молия ва корхонаҳои хусусии ҷумҳурӣ низ ҳамкорӣ пешниҳод намуда буд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба коркарди тилову нуқра ва истеҳсоли сабикаҳо аз металлҳои қиматбаҳо корхонаи «Востокредмет» машғул аст. Аз корхонаи мазкур иттилоъ доданд, ки истеҳсоли сабикахои вазни 100-200 грамм саноатӣ набуда, танҳо тибқи фармоишот тайёр карда мешаванд.

Ғайр аз ин, аввали соли оянда корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳои корхонаи истихроҷи тилои «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин бо иқтидори истеҳсолии 5 тонна дар як сол ба истифода дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.