Металлҳои қиматбаҳои ширкати русиягӣ дар бозори Тоҷикистон

Заррина Эргашева


ҶСК «Корхонаи коркарди металлҳои рангаи Екатеринбург» ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамкорӣ пешниҳод кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, ин корхона дар бахши таъмин бо металлҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин маснуоти нимтайёр барои омодасозии тангаҳои нуқраву тило ҳамкорӣ пешниҳод намудааст.

«Мо ба ин пешниҳод таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хостори дарёфти маълумоти бештар дар бораи шартҳои ҳамкорӣ гардидем ва агар шартҳои онҳо барои мо қобили қабул бошанд, албатта ҳамкорироҳоро роҳандозӣ хоҳем кард», – зикр карданд дар БМТ.

Ба иттилои намояндагони БМТ, дар ин самт бонки асосии кишвар феълан бо кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкорӣ дошта, аз он қаноатманд аст.

«Соли оянда дар ҷумҳурӣ корхонаи бузурги коркарди металлҳои ранга мавриди истифода қарор мегирад ва мо дар онҷо низ фаъолият карданием», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҶСК «Корхонаи коркарди металлҳои рангаи Екатеринбург» ҳанӯз зимни сафари мақомоти раҳбарии корхона ба Тоҷикистон натанҳо ба БМТ, балки ба Вазорати молия ва корхонаҳои хусусии ҷумҳурӣ низ ҳамкорӣ пешниҳод намуда буд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба коркарди тилову нуқра ва истеҳсоли сабикаҳо аз металлҳои қиматбаҳо корхонаи «Востокредмет» машғул аст. Аз корхонаи мазкур иттилоъ доданд, ки истеҳсоли сабикахои вазни 100-200 грамм саноатӣ набуда, танҳо тибқи фармоишот тайёр карда мешаванд.

Ғайр аз ин, аввали соли оянда корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳои корхонаи истихроҷи тилои «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин бо иқтидори истеҳсолии 5 тонна дар як сол ба истифода дода мешавад.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...