Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд таҳти раёсати президент


Имрӯз дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои миллии рушдро ифтитоҳ намуда, нахуст бо хушнудӣ аз қабул шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо мужда расонд ва онро барои Тоҷикистон мартаърихиву барои тамоми аҳолии мамлакат дастоварди бузург арзёбӣ кард.

Президенти кишвар натиҷагирӣ аз татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 ва хулосабарорӣ барои татбиқи босамари Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015-ро ҳадафи асосии ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд номид. Дар сатҳи на кам аз 7% таъмин гардидани рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2010-2012 яке аз натиҷаҳои назаррас дар ин давра маънидод гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласа, ҳамчунин Ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва ИДМ Ҷаҳан Султаноглу ва Ноиби президенти Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодера суханронӣ намуда, аз ҷумла пешсафии Тоҷикистонро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола барои дигар кишварҳои рӯ ба рушд ибратбахшу омӯзанда арзёбӣ намуданд.

Ба иттилои Ҷаҳан Султаноглу барои татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола аз соли 2000 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ кумаки беруна ҷалб карда шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 то ба 39% коҳиш дода шуд. Пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи иқдомҳои глобалии “энергетика барои ҳама” ва “иқтисодиёти сабз” махсус таъкид гардид. Зикр гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти хуб ҳамоҳангшуда бо шарикони байналмилалии рушд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати соҳаҳои тандурустию маориф ва ба оби тозаи нушокӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд.

Доир ба саҳми шарикони рушд дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив, Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сусан Еллиот, Роҳбари Ҷамъияти Байналмилалии Германия дар Тоҷикистон Стефан Эрбер, Директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Масару Хонма суханронӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии шарикони рушди Тоҷикистонро ба идома ва густариш додани дастгирии рушди кишвар таъкид доштанд.

Дар охир президенти кишвар ҷанбаҳои гуногуни рушди Тоҷикистонро дар солҳои охир, саҳми шарикони байналмилалӣ ва дурнамои инкишофи кишварро дар се соли оянда мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шариконии байналмилалии рушдро ба густариши ҳамкории босамар даъват намуда, изҳори боварӣ кард, ки дар натиҷаи он сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дар се соли оянда 15-20 фоизи дигар баланд мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз қарорҳои Конфронси 5-уми RECCA доир ба Афғонистон, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ёдовар шуда, иштироки фаъоли шарикони байналмилалии рушдро дар татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ, аз ҷумла оид ба пайвастани шабакаҳои барқӣ ва нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз тариқи Афғонистон кори ҳаётан муҳим номид.

Таъкид гардид, ки бо татбиқи босамари чунин ҳадафҳо ҳам мушкилоти ҷории Тоҷикистон ҳаллу фасл мешаванд ва ҳам аз тариқи рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ба таҳкими амну субот дар ин кишвари азияткашида ва кулли минтақа мусоидати фаъол кардан имкон дорад.

spot_imgspot_img

Популярное