Панҷ лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар бахши маорифу тандурустӣ

Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дар Тоҷикистон алҳол амалӣ гаштани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои мухталифро дастгирӣ намудааст. Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, тибқи Барномаи кӯмакҳои бебозгашт санаи 13 декабри соли равон ҷаноби Ҳиройуки Имҳаши, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, созишномаҳои грантиро оид ба амалӣ гаштани […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дар Тоҷикистон алҳол амалӣ гаштани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои мухталифро дастгирӣ намудааст.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, тибқи Барномаи кӯмакҳои бебозгашт санаи 13 декабри соли равон ҷаноби Ҳиройуки Имҳаши, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, созишномаҳои грантиро оид ба амалӣ гаштани 5 лоиҳаи мухталиф барои дастгирии соҳаи маориф дар ноҳияҳои Спитамен ва Шӯрообод ва ҳамчунин барои беҳтар намудани соҳаи ҳифзи тандурустӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Мурғоб ва Ишкошим ба имзо расонд.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаҳои зайл тавассути лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт роҳандозӣ мешаванд: «Лоиҳаи барқарор намудани мактаби № 28 дар деҳаи “Нов”-и ноҳияи Спитамен», ба маблағи 113,439 доллари ИМА; «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби миёнаи рақами 4-и деҳаи “Доғистон”, ҷамоати Доғистони ноҳияи Шуробод» ба маблағи 111,889 доллари ИМА; «Лоиҳаи барқарорсозии шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи Марказии ноҳияи Шаҳринав» ба маблағи 107,017 доллари ИМА; «Лоиҳаи беҳтаргардонии беморхонаи Марказии ноҳияи Ишкошим» ба маблағи 108,655  доллари ИМА ва «Лоиҳаи беҳтаргардонии беморхонаи маҳалӣ дар ҷамоати Қарақули ноҳияи Мурғоб» ба маблағи 120,373 доллари ИМА.

Лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби худи мардуми Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Такмили соҳаи маориф ба ҳаёти кӯдакон ва ҳамчунин ҷомеаи ин маҳаллҳо таъсири мусбату давомдор хоҳад расонд. Илова бар ин, дастрас намудани хизматрасонии тиббии муносиб ва боэътимод ҳуқуқи аввалиндараҷаи ҳар як инсон ба ҳисоб рафта, амалӣ гаштани лоиҳаҳои номбурда барои вусъат бахшидани зиндагии мардум ва ҳуқуқи онҳо дар ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.  

 Ҳукумати Ҷопон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи боз ҳам беҳтар барои халқи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон дастгирии худро давом медиҳад.       

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва созмонҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 290 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $22 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.