Таҷлили 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром

Чанде қабл дар Хонаи адибони шаҳри Душанбе ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром таҷлил гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, сохторҳои гуногуни давлатӣ, вакилони парлумон, олимону зиёиён, рӯзноманигорон ва ҳаводорони эҷодиёти шоир ширкат варзиданд. Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни суханрониаш зикр кард, ки дар радифи Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва […]

Маҳпора Киромова


Чанде қабл дар Хонаи адибони шаҳри Душанбе ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, сохторҳои гуногуни давлатӣ, вакилони парлумон, олимону зиёиён, рӯзноманигорон ва ҳаводорони эҷодиёти шоир ширкат варзиданд.

Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни суханрониаш зикр кард, ки дар радифи Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигар устодони сухан Қутбӣ Киром низ дар рушди адабиёту фарҳанги муосири тоҷик саҳми арзанда дорад.

Шоирон Мӯъмин Қаноат, Гулназар Келдӣ ва дигарон аз осори баландмазмуни шоир ва лаҳзаҳои хотирмони фаъолият бо Қутбӣ Киром ёдовар шуданд. «Шеъри «Бӯи нон»-и шоир, ки ним аср пеш эҷод шудаасту дар он бо як эҳсоси махсус гуруснагӣ ва азияти солҳои ҷанг таҷассум ёфтаанд, то ҳол беҳтарин шеъри тоҷикӣ боқӣ мемонад», – гуфт Мӯъмин Қаноат.

Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳунарпешагони маъруфи кишвар Ҷӯрабек Муродов, Раҳматулло Ҳошимов, Хурсандмурод Зарифов, Афзалшо Шодиев ва дигарон иштирок карда, табъи ҳозиринро бо оҳангҳо ба матни ашъори шоир болида гардониданд.

Ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов қисматеро аз спектакл аз рӯи пйесаи Қутбӣ Киром «Торҳои муҳаббат» намоиш доданд, ки ба ҳаёту эҷолиёти шоири шаҳир Нақибхон Туғрал бахшида шудааст.

Тӯли кору зиндагӣ Қутбӣ Киром (1932-1995) ба унвонҳои Шоири халқӣ ва Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ӯ муаллифи даҳҳо маҷмӯаҳо буда, тарҷумаи асарҳои Уилям Шекспир, Михаил Лермонтов, Николай Некрасов, Сергей Есенин, Александр Блок ва дигар шоирону нависандагони хориҷӣ ба забони тоҷикӣ ба қалами ӯ таалллуқ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.