Оғози мурофиаи гумонбар ба қатли хеши президент

Имрӯз дар маҷлисгоҳи судии тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ дар Душанбе пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳии гумонбар ба қатли хеши сарвари давлат, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯмин Сафарови 57-сола оғоз гардид. Назди суд гумонбар ба қатл Диловаршо Қосимов ва айбдоршавандагон ба огоҳ накардан дар бораи куштор бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо ҷавоб мегӯянд. […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар маҷлисгоҳи судии тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ дар Душанбе пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳии гумонбар ба қатли хеши сарвари давлат, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯмин Сафарови 57-сола оғоз гардид.

Назди суд гумонбар ба қатл Диловаршо Қосимов ва айбдоршавандагон ба огоҳ накардан дар бораи куштор бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо ҷавоб мегӯянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари айбдоршаванда Д.Қосимов хабар дод, мурофиа бо қироати хулосаи айбнома оғоз гардида, сипас ҳимоятгар ду дархост пешниҳод кардааст.

«Дархости аввал ба рад кардани прокурор дахл дошт, зеро прокурор ва ёвари ӯ, ки роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ буд, зерҳимояи маро бозпурсӣ кардаанд. Гузашта аз ин, ҳангоми тафтишот аз ҷониби ӯ ҳуқуқҳои Д.Қосимов ва ҳимоятгари ӯ поймол шуданд», – гуфт Қудратов.

Ба қавли ӯ, дархости дуюм ба бекор кардани тамғаи махфӣ будани парванда марбут аст, ки ҳангоми тафтишот чунин муқаррар шуда буд. «Парванда ғайриқонунӣ махфӣ шуд, зеро дар он ягон маводи пешбинишуда дар қонун «Дар бораи сирри давлатӣ» ва маълумоти махфӣ мавҷуд нест», – муътақид аст ҳимоятгар.

Ҳимоятгар зикр кард, ки ҳарду дархост ҳам аз ҷониби суд рад карда шуда, бо ҳамин рӯзи аввали мурофиаи ба итмом расид. Мурофиаи навбатии судӣ пагоҳ, 25-уми декабр доир гардида, дар он шунидани нишондодҳои шоҳидон дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.