Хариди ҳиссае аз саҳмияҳои Кӯлоб Petroleum аз ҷониби ширкатҳои муваффақ

Ширкати «Total»-и Фаронса, ки яке аз ширкатҳои бузургтарину муваффақи ҷаҳон дар бахши нафту газ ба шумор меравад, оид ба имзои Созишнома дар бораи харидани 33%-и саҳмияҳо дар тақсимоти маҳсулоти ширкати фаръии Tethys Petroleum – «Бохтар» (Кӯлоб Petroleum) хабар дод. Чунин созишнома бо ширкати China National Petroleum Corporation (CNPC) (Ширкати миллии нафти Чин) низ ба имзо […]

Заррина Эргашева


Ширкати «Total»-и Фаронса, ки яке аз ширкатҳои бузургтарину муваффақи ҷаҳон дар бахши нафту газ ба шумор меравад, оид ба имзои Созишнома дар бораи харидани 33%-и саҳмияҳо дар тақсимоти маҳсулоти ширкати фаръии Tethys Petroleum – «Бохтар» (Кӯлоб Petroleum) хабар дод.

Чунин созишнома бо ширкати China National Petroleum Corporation (CNPC) (Ширкати миллии нафти Чин) низ ба имзо расида, акнун 33%-и саҳмияҳои Кӯлоб Petroleum ба ин ширкат низ тааллуқ хоҳанд дошт.

«Шарикӣ миёни Total, CNPC ва Тетис бахусус барои баргузор намудани корҳои иктишофӣ самаровар буда, баррасии масъалаи таҳияи арзиши лоиҳа қадами минбаъда хоҳад буд», – гуфтааст дар ин робита як намояндаи ширкати Total.

Дар ширкати Tethys Petroleum дар робита ба ин масъала изҳор намуданд, ки ин як «рӯйдоди бузургу фараҳбахш» буда, дар барорбари узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, муҳити сармоягузорӣ дар ҷумҳуриро куллан дигаргун месозад.

Дар ширкати фаръии Тетис дар Тоҷикистон зикр карданд, ки муттаҳидии ин се ширкат дар лоиҳаи мазкур дар навбати аввал натиҷаи сиёсати сармоягузории муваффақи ҳукумат ва сохторҳои дахлдори он аст.

«Барномаҳои ҷустуҷӯ ва арзёбии захоири нафту газ тайи солҳои ахир омили таваҷҷуҳи ин ширкатҳои бузург ба майдони нафтугаздори Тоҷикистон гардида, бо узвияти онҳо ин бахш яке аз бахшҳои комёбтарин ва муҳаррики рушди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад гардид», – изҳор кард намояндаи ширкати Тетис дар Тоҷикистон Назир Шарифов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.