Корхонаи воҳиди давлаттии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 26 вагони нави мусофирбар харид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори КВД «Роҳи оҳани тоҷикистон» Усмон Қаландаров хабар дод, техникаи нав аз Украина харидорӣ шуда, имрӯз як адад вагон-тарабхона, як вагони купе ва 13 вагони платскартӣ қабул карда шуд. «Боз 100 вагони боркаш дар роҳ буда, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд», – гуфт ӯ.
Ба қавли муовини сардори корхона, тӯли соли равон корхона 306 вагони боркаш, 15 вагони мусофирбар ва 4 тепловоз харид.
Зимнан зикр гардид, ки бо назардошти харидории техникаи нав, феълан парки техникаву таҷҳизоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 119 вагони боркаш, 439 вагони мусофирбар ва 59 тепловоз иборат аст.



