Қатъи фаъолияти «Тоҷиксемент» ба иллати коҳиши интиқоли газ

Бар асари коҳиши ҳаҷми интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон фаъолияти корхонаи бузургтарини истеҳсоли сементи ҷумҳурӣ – КВД «Тоҷиксемент» қатъ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни коҳиши интиқоли газ дар корхона, кӯшиш кардаанд, ки аз 6 оташдони мавҷуда танҳо дар 2-тоаш семент истеҳсол кунанд, вале дар натиҷаи бамаротиб […]

Заррина Эргашева


Бар асари коҳиши ҳаҷми интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон фаъолияти корхонаи бузургтарини истеҳсоли сементи ҷумҳурӣ – КВД «Тоҷиксемент» қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни коҳиши интиқоли газ дар корхона, кӯшиш кардаанд, ки аз 6 оташдони мавҷуда танҳо дар 2-тоаш семент истеҳсол кунанд, вале дар натиҷаи бамаротиб кам шудани интиқоли газ, кор дар онҳо ҳам ғайриимкон шудааст.

Ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз камбуди гази табиӣ, фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) идома дорад. «ТАЛКО бо гази аз ангишт истеҳсолшуда фаъолият дорад, зеро ҳаҷми таъмини корхона бо гази табиӣ хеле кам аст», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз» феълан дар як шабонарӯз аз Ӯзбекистон 100 ҳазор метри мукааб гази табиӣ ворид мешавад, ки асосан ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе интиқол дода мешавад.

Соли равон Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ҳудуди 135 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид кард. Моҳи ноябр каме бештар аз 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи октябр 2 млн. метри мукааб зиёдтар аст.

Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 35 млн. метри мукааб камтар мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тошканд дар шаҳри Душанбе хабар доданд, шурӯъ аз 24-уми декабр бинобар сабаби ба итмом расидани қарордод оид ба интиқоли газ, Ӯзбекистон ба коҳиши ҳаҷми интиқоли он оғоз кард.

«Ба иллати анҷоми муҳлати қарордоди интиқоли газ барои соли 2012, интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзи 31-уми декабр, соати 18:00 пурра қатъ карда мешавад», – изҳор карданд дар сафоратхонаи Ӯзбекистон.

Дар робита ба ин нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба унвони ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев дар робита ба қарори «Узтрансгаз» оид ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон мактуб ирсол намуд. Дар мактуби О.Оқилов зикр гардидааст, ки талаботи яксолаи Тоҷикистон ба гази табиӣ аз Ӯзбекистон 200 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.

«О.Оқилов изҳори боварӣ намудааст, ки ҳаҷми зарурии талаботи яксолаи Тоҷикистон барои кишвари ҳамсоя қобили таваҷҷуҳ нест», – гуфтанд дар сафорати Ӯзбекистон дар ҶТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.