Дастгоҳҳои муосир дар ҶСК «Ресанда»-и Қӯрғонтеппа

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мегардад. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи беш аз 3 млн. доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизоти нави муосир харида шудааст. Ба иттилои манбаъ, айни замон бо кӯмаки мутахассисони Чин насби дастгоҳҳои нав […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи беш аз 3 млн. доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизоти нави муосир харида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон бо кӯмаки мутахассисони Чин насби дастгоҳҳои нав ҷараён дорад.

«Дастгоҳҳои нав ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (риштаи пахтагин ва матои бофандагӣ), паст намудани арзиши аслии маҳсулот ва рақобатпазирӣ дар бозори истеҳсолӣ мусоидат карда, барои содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба кишварҳои Аврупо шароити мусоид фароҳам месозанд», – гуфтанд дар вазорат.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1998 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии ҶТ таъсис дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.