Ҷаласаи ҳукумат оид ба масъалаи таъмини сӯзишворӣ

Чанде қабл бо иштироки нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷаласаи ҳукумати кишвар доир гардид, ки дар он лоиҳаи Созишномаи воридоти маҳсулоти нафтӣ миёни Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки ба Созишномаи мазкур Тоҷикистон дигар тағйироте пешниҳод намекунад, зеро Русия мавқеи худро тағйир […]

Заррина Эргашева


Чанде қабл бо иштироки нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷаласаи ҳукумати кишвар доир гардид, ки дар он лоиҳаи Созишномаи воридоти маҳсулоти нафтӣ миёни Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки ба Созишномаи мазкур Тоҷикистон дигар тағйироте пешниҳод намекунад, зеро Русия

мавқеи худро тағйир надод

ва ин баррасии ниҳоӣ пеш аз имзои созишнома буда, натиҷаи он шояд рӯзҳои наздик эълон карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба банди 7-и ин созишнома дар бораи манъи содироти дубораи маҳсулоти нафтии Русия,  Тоҷикистон изҳор карда буд, ки ин банд ҳатмӣ нест, зеро дар чаҳорчӯби ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) миёни кишварҳо Созишнома дар бораи манъи содироти дубора ба имзо расидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли равон миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Қаблан Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро бо иловаҳо ба Русия фиристода буд, вале Вазорати энергетикаи Русия посух дод, ки дар мавқеи худ боқӣ мемонад.

Тибқи баъзе маълумот, маҳз масъалаи дубора ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияву имзои созишнома дар ин хусус боис гардидааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон тадриҷан аз 95%-и соли 2010 соли равон то ҳудуди 50% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, ҳодисаҳои қочоқи бензин аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон зиёд шуда, ҳиссаи ин кишвар дар воридоти расмии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз 0,5%-и соли гузашта соли ҷорӣ то 12% боло рафт, зеро маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, нархи он нисбат ба Тоҷикистон пасттар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.