Фейерверки 5-дақиқаина дар ҷашни Соли нави Душанбе

Шоми 31-уми декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе бо иштироки овозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Чорабинии идона соати 20:00 оғоз ва муддати 2 соат идома ёфта, бо фейерверки 5-дақиқаина анҷом мепазирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи равон дар бинои Сирки […]

Аваз Юлдошев


Шоми 31-уми декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе бо иштироки овозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Чорабинии идона соати 20:00 оғоз ва муддати 2 соат идома ёфта, бо фейерверки 5-дақиқаина анҷом мепазирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи равон дар бинои Сирки давлатӣ намоишномаи идонаи солинавӣ баргузор мегардад, ки ба он ҳудуди 2 ҳазор нафар толибилмони аълохони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Душанбе ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат даъват шудаанд. «Ба ҳамаи онҳо аз номи мақомоти шаҳрдорӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

Шавкат Саидов таъкид кард, ки айни замон дар тамоми бозорҳои шаҳр ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои дастрас оғоз гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.