Навбатдории шабонарӯзии шаҳрдории пойтахт дар мавсими сардӣ

Чанде қабл дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ситоди шаҳрии хадамоти коммуналӣ таъсис дода шуда, онро шахсан раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарӣ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, раиси пойтахт супориш додааст, ки барои бартараф намудани оқибатҳои барфрезиҳои шадид, сардиҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода, дар мақомоти шаҳрдорӣ, ноҳияҳо ва […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ситоди шаҳрии хадамоти коммуналӣ таъсис дода шуда, онро шахсан раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, раиси пойтахт супориш додааст, ки барои бартараф намудани оқибатҳои барфрезиҳои шадид, сардиҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода, дар мақомоти шаҳрдорӣ, ноҳияҳо ва хадамоти коммуналӣ навбатдории шабонарӯзии роҳбарони хадамоти дахлдор роҳандозӣ карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон тамоми техникаи барфтозакун дар ҳолати омодагӣ қарор дошта, аз субҳи имрӯз тамоми роҳҳои пойтахт бо хок ва намак коркард мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.