Эълони ғолибони озмуни стипендияи президентӣ дар Душанбе

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи президенти Тоҷикистонро эълон кард. Дар мактаби таҳсилоти умумии №56-и пойтахт маросими тантанавии супурдани дипломҳо доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури ҷавонони Кумита Носир Бӯриев хабар дод, соли равон 300 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсей, омӯзишгоҳ, техникум ва […]

Маҳпора Киромова


Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи президенти Тоҷикистонро эълон кард. Дар мактаби таҳсилоти умумии №56-и пойтахт маросими тантанавии супурдани дипломҳо доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури ҷавонони Кумита Носир Бӯриев хабар дод, соли равон 300 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсей, омӯзишгоҳ, техникум ва коллеҷҳои кишвар ғолибони озмун гардиданд.

«Раиси Кумита Маликшо Неъматов ба 30 нафар ғолибони озмун аз шаҳри Душанбе диплому стипендияҳоро супурд. Ба ҳар кадоме аз ғолибон барои чор моҳи таҳсили сипаришудаи соли равон дар ҳаҷми 1 ҳазору 260 сомонӣ стипендия дода шуд. Маблағи боқимонда барои панҷ моҳи таҳсили соли равон то ахири сол пардохта мешавад», – гуфт Бӯриев.

Ба қавли ӯ, 270 нафар ғолибони боқимондаи озмун дар саросари ҷумҳурӣ стипендияҳои худро аз шуъба ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳӣ дастрас мекунанд.

«Озмуни дарёфти стипендияи президентӣ ҳанӯз аввали соли ҷорӣ эълон гардида, ба он толибилмони пурра аълохоне соҳиб гардиданд, ки ба ҷуз таҳсили аълову ахлоқи намунавӣ, дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаи таълимӣ саҳми босазо гузоштанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки соли 2005 ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандсозии толибилмони кишвар, бо фармони президенти ҷумҳурӣ барои толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсей, омӯзишгоҳ, техникум ва коллеҷҳо стипендияи президентӣ таъсис дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.