Кӯшиши бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият кардани фурудгоҳи пойтахт

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, сарфи назар аз обуҳавои номусоид, айни замон қабул ва парвози тамоми ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ идома дорад. «Аммо боздошти парвози баъзе ҳавопаймоҳо ба иллати биноии бад боздошт шуд ва аз ин рӯ, чанде аз ҳавопаймоҳои хатсайрҳои байнулмилалиро, ки […]

Меҳрангез Турсунзода


Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, сарфи назар аз обуҳавои номусоид, айни замон қабул ва парвози тамоми ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ идома дорад.

«Аммо боздошти парвози баъзе ҳавопаймоҳо ба иллати биноии бад боздошт шуд ва аз ин рӯ, чанде аз ҳавопаймоҳои хатсайрҳои байнулмилалиро, ки фурудгоҳи пойтахт қабул карда наметавонад, дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд қабул мекунанд», – зикр кард сухангӯи ФБД.

Дар ҳамин ҳол, барфрезӣ ва шамоли шадид ба ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт монеъа эҷод насохт. Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз 74 адад мошинҳои тозакунии барф ба роҳҳо сафарбар шуда, шабонарӯзӣ фаъолият хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.