Фаъолзанони ҲХДТ аз тамоми занони Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд

            Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фаъолзанони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба тамоми занони ҷумҳурӣ бо изҳорот муроҷиат намуданд.             Тавре дар сомонаи интернетии ҳизб – tribun . tj хабар дода мешавад, яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи кунунӣ – ба низоми муайян даровардани расму ойинҳои мардумӣ мебошад, ки он ҳамеша дар мадди назари […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фаъолзанони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба тамоми занони ҷумҳурӣ бо изҳорот муроҷиат намуданд.





           

Тавре дар сомонаи интернетии ҳизб –


tribun


.


tj


хабар дода мешавад, яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи кунунӣ – ба низоми муайян даровардани расму ойинҳои мардумӣ мебошад, ки он ҳамеша дар мадди назари ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.




           

«Мо бар чунин назарем, ки ҳалли муваффақонаи ин масъала дар бештари мавридҳо аз мо – модарон вобаста аст, – гуфта мешавад дар изҳорот. – Фаъолзанони ҲХДТ дар рушду нигаҳдории анъанаҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳои мардумӣ саҳми босазо доранд ва дар ҳамин ҳол, муқобили ҳама гуна ҷараёнҳои тундгарову ифротгар ва падидаҳои манфии хусусияти динидошта мебошанд».




           

Дар изҳорот зикр мегардад, ки «занони ҷумҳурӣ набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст дода, ба доми ҷараёну ҳаракатҳои манфиатҷӯи ба мо бегона гирифтор шаванд». «Мо вазифадорем, ки фарзандони худро аз таъсири манфии онҳо ҳифз намоем, зеро имрӯзу фардои ватани мо ба насли аз ҷиҳати маънавӣ солим вобаста аст», – таъкид мегардад дар изҳорот.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.