Э.Раҳмон: Соли равон берун аз қаламрави Тоҷикистон 170 шаҳрванди давлати мо барои қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд

Душанбе. 21-уми октябр. – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир изҳор дошт, ки дар давоми солҳои охир ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир торафт хислати трансмиллӣ касб карда истодаанд. […]

root


Душанбе. 21-уми октябр. – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир изҳор дошт, ки дар давоми солҳои охир ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир торафт хислати трансмиллӣ касб карда истодаанд. «Аз ҷумла, танҳо соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари мо фаъолияти 7 гурӯҳро қатъ гардониданд, ки ба ҳайати онҳо шаҳрвандони Африқои Ҷанубӣ, Филиппин, Уганда ва дигар кишварҳо шомил буда, мехостанд миқдори зиёди героини баландсифати истеҳсоли Афғонистонро ба кишварҳои аврупоӣ интиқол диҳанд», – гуфт ӯ.




Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки айни замон дар натиҷаи корҳои муваффақонаи анҷомдодашуда, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави кишвар барои қочоқи маводи мухаддир дастгир мешуданд, кам гардид. Аз соли 2000 далелҳои боздошти шаҳрвандони мо тақрибан 60 фоиз ва теъдоди онҳо аз 1031 нафар то 453 нафар кам шуд. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бошад берун аз қаламрави Тоҷикистон 170 шаҳрванди давлати мо дастгир шудааст.



Зикр гардид, ки ин ва дигар дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва беҳтар кардани идораи сарҳадот бидуни кӯмаки ҷиддии моддиву молиявӣ, мусоидат дар тарбияи кадрҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҳукуматҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия, Хитой, Ҷопон, Қазоқистон, Украина, дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз имкон берун буданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.