БРО ва ҳукумати Тоҷикистон гуфтушуниди маблағгузории сохтмони дастгоҳи кушоди тақсимкунак дар НОБ-и «Норак»-ро ба анҷом расониданд

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ва ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид оид ба бурси ҷудонамудаи БРО ҷиҳати сохтмони дастгоҳи кушоди тақсимкунак бо изолятсияи газӣ дар НОБ-и «Норак»-ро ба анҷом расониданд.   Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дастгоҳи мавҷуда 30 сол пеш сохта шуда, фарсудаву корношоям гардидааст. «Ғайр аз […]

Виктория Наумова


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ва ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид оид ба бурси ҷудонамудаи БРО ҷиҳати сохтмони дастгоҳи кушоди тақсимкунак бо изолятсияи газӣ дар НОБ-и «Норак»-ро ба анҷом расониданд.





 

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дастгоҳи мавҷуда 30 сол пеш сохта шуда, фарсудаву корношоям гардидааст. «Ғайр аз ин, дар наздикии дастгоҳ як қабати бузурги иборат аз намак воқеъ аст, ки ҳангоми барфу борон ба харобии дастгоҳ боис шуда метавонад», – изҳор дошт манбаъ.



Таъкид гардид, ки лоиҳаи пешниҳодшуда ба мӯътадил сохтани ҷараёни интиқоли нерӯи барқ мусоидат карда, бонк ният дорад, ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа ба маблағи 54,77 млн. доллари амрикоӣ кӯмаки ройгон ҷудо намояд.



Манбаъ афзуд, ки баррасии лоиҳаи бурсӣ аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Амалисозии лоиҳа аз моҳи феврали соли оянда ба муддати 5 сол пешбинӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, ширкати «Барқи тоҷик» агентии иҷрокунандаи ин лоиҳа хоҳад гашт.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.