Гул Шералӣ: Ӯзбекистон мавқеаш оид ба масъалаи газро шарҳ намедиҳад

Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ зимни нишасти хабарӣ дар робита ба масъалаи воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон изҳор намуд, ки ин масъала то ҳанӯз ҳал нашудааст, вале гуфтушунидҳо дар сатҳи ҳукуматҳо ва миёни «Тоҷиктрансгаз» ва «Ӯзбекнефтегаз» идома доранд. «Аз гуфтушунидҳо ҳоло ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуда, Ӯзбекистон мавқеи худро дар ин масъала шарҳ намедиҳад», – гуфт […]

Заррина Эргашева


Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ зимни нишасти хабарӣ дар робита ба масъалаи воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон изҳор намуд, ки ин масъала то ҳанӯз ҳал нашудааст, вале гуфтушунидҳо дар сатҳи ҳукуматҳо ва миёни «Тоҷиктрансгаз» ва «Ӯзбекнефтегаз» идома доранд.

«Аз гуфтушунидҳо ҳоло ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуда, Ӯзбекистон мавқеи худро дар ин масъала шарҳ намедиҳад», – гуфт ӯ.

Вазир иброз дошт, ки алтернативаи гази табиӣ исеҳсоли газ аз ангишт буда, Корхонаи алюминии тоҷик ба истифодаи он гузаштааст. «Ҳамарӯза мувофиқи талаби корхона он бо 320 тонна ангишт таъмин карда мешавад», – зикр кард вай.

Ба қавли Гул Шералӣ, насби таҷҳизоти истеҳсоли газ аз ангишт дар «Тоҷиксемент» низ дар назар буда, оид ба ин масъала бо ширкати чинӣ мувофиқа ҳосил шудааст. «Корҳои насби таҷҳизот ҳудуди 8 моҳ давом мекунанд, аммо худи «Тоҷиксемент» ин масъаларо ба дарозо мекашад», – гуфт вазири энергетика.

Қобили зикр аст, ки соли дуюм аст, ки ширкатҳои марбут ба гази Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзои созишнома оид ба воридоти газ ба Тоҷикистон саривақт ба мувофиқа омада наметавонанд. Аввали моҳи январи соли 2012 низ чунин вазъ ба амал омада, он замон бо қатъи интиқоли газ ҳайати ҳукумат дарҳол озими Тошканд ва масъаларо ҳал намуда буд.

Моҳи апрели соли гузашта низ «Узтрансгаз» интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ карда, сабаби онро «мавҷуд набудани захираҳо» ва анҷоми муҳлати қарордод унвон карда буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод.

Истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст. Тайи 6 соли ахир аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи гази табиӣ маҳрум аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.