Имрӯз дар Маскав маросими баимзорасии Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, зери созишнома роҳбарони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия Сафиалло Девонаев ва Константитн Ромодановский имзо гузоштанд.
«Дар асоси ин созишнома, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, дар муддати 15 рӯз аз уҳдадории ба қайд гузоштан дар мақомоти салоҳиятдори кишвари будубош озод мешаванд. То ин замон муҳлати ба қайд гузоштан дар сохторҳои дахлдори Русия 7 рӯзро ташкил медод», – зикр кард Аҳмадов.
Дар идома ӯ иброз дошт, ки Созишномаи имрӯз баимзорасида пас аз анҷом додани як қатор расмиёти дохилидавлатӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар бораи баимзорасии созишномаи мазкур тавофуқ ҳосил шуда буд.


