Дар сохтмони роҳи оҳан Чин Ӯзбекистонро интихоб кард

Ҳукумати Чин иштироки худ дар сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро тасдиқ намуд. Бино ба иттилои Kginform бо истинод ба гуфтаҳои муовини нахуствазири Қирғизистон Тайирбек Сарпашев, тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони роҳи оҳани мазкур қариб ба итмом расида, арзиши пешакии лоиҳа ба 4 млрд. доллари ИМА баробар шудааст. «Барои ин маблағ сармоягузориҳои мустақим нокофианд, аз ин рӯ, дарёфти […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳукумати Чин иштироки худ дар сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои

Kginform

бо истинод ба гуфтаҳои муовини нахуствазири Қирғизистон Тайирбек Сарпашев, тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони роҳи оҳани мазкур қариб ба итмом расида, арзиши пешакии лоиҳа ба 4 млрд. доллари ИМА баробар шудааст. «Барои ин маблағ сармоягузориҳои мустақим нокофианд, аз ин рӯ, дарёфти сарчашмаҳои иловагии даромад зарур аст», – гуфтааст вай.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи сармоягузорӣ ба сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон ба номгӯи 40 лоиҳаи миллии Барномаи миёнамуҳлати рушди Чин барои солҳои 2012-2014 шомил гарддида, бо қарори ҳукумати Чин ин барнома ҳанӯз моҳи сентябри соли 2011 маъқул шуморида шуда буд.

Санаи 17-уми апрели соли 2012 миёни Вазорати нақлиёт ва Коммуникатсияи Қирғизистон ва Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва пулҳои Чин (CRBC) Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида, мувофиқи он корпоратсия ба муддати дар 1 сол таҳия намудани тарҳи фанниву иқтисодии қисмати қирғизистонии роҳи оҳани мазкур уҳдадор шуд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ба сохтмони роҳи оҳани минтақавӣ аз Қошғари Чин тавассути қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон то Ҳироти Афғонистон ва минбаъд пайваст шудани он бо роҳи оҳани Эрон манфиатдор аст. Ӯзбекистон бошад, барои сохтмони роҳи оҳан аз Чин тавассути қаламрави кишвараш кӯшиш ба харҷ медод.

Моҳи январи соли равон муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зимни нишасти хабарӣ дар робита ба вазъи лоиҳаи роҳи оҳани Қошғар- Ҳирот изҳор намуда буд, ки интихоби хатсайри роҳи оҳани минтақавии мазкур

ба Чин вобаста аст.

«Ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон тавассути қаламрави онҳо гузаштани роҳро хосторанд, аммо ман бар ин назарам, ки дар ниҳояти кор ҳалли ин масъала ба Чин вобаста хоҳад буд», – гуфта буд вай ва илова намуд, ки «ин ақидаи шахсии ӯ аст, на хулосаи расмии корхона».

Ёдрас мекунем, ки ҳатто Эрон барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Баъдтар соли 2010 Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.