Тасвиби Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони ҶТ дар Русия

Имрӯз дар Маскав маросими баимзорасии Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, зери созишнома роҳбарони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия Сафиалло Девонаев ва Константитн Ромодановский имзо гузоштанд. «Дар асоси […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Маскав маросими баимзорасии Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, зери созишнома роҳбарони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия Сафиалло Девонаев ва Константитн Ромодановский имзо гузоштанд.

«Дар асоси ин созишнома, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, дар муддати 15 рӯз аз уҳдадории ба қайд гузоштан дар мақомоти салоҳиятдори кишвари будубош озод мешаванд. То ин замон муҳлати ба қайд гузоштан дар сохторҳои дахлдори Русия 7 рӯзро ташкил медод», – зикр кард Аҳмадов.

Дар идома ӯ иброз дошт, ки Созишномаи имрӯз баимзорасида пас аз анҷом додани як қатор расмиёти дохилидавлатӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар бораи баимзорасии созишномаи мазкур тавофуқ ҳосил шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.