Бо ташаббуси сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии китобҳои нав бахшида ба таърихи адабиёти форсу тоҷик ва таҳқиқоти асарҳои классикони ин давра доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Ёқубова хабар дод, дар маросим сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ширкат варзида, китоби ӯ таҳти унвони «Шеъри муосири тоҷик» низ муаррифӣ гардид.
Ба қавли Ёқубова, дар қатори китоби сафир ҳамчунин ба ҳозирин китобҳои «Синдбоднома», ки дар асоси таҳқиқот ва таҳлили адабиётшиноси маъруф Ҷумъабой Азизқулов ба нашр расидааст ва китоби «Китобшиносии Фирдавӣ»-и адабиётшинос Абдуллоҷон Юнусов низ пешкаш гардиданд.
Номбурда афзуд, ба иштирокдорони маросим маҷаллаи нави илмии «Андеша» тақдим гардид, ки дар он мақолаҳои олимони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистону Аврупо гирдоварӣ шудаанд.


