Муаррифии китобҳои нави муҳаққиқони адабиёти форсу тоҷик

Бо ташаббуси сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии китобҳои нав бахшида ба таърихи адабиёти форсу тоҷик ва таҳқиқоти асарҳои классикони ин давра доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Ёқубова хабар дод, дар маросим сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ширкат варзида, китоби ӯ таҳти унвони […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии китобҳои нав бахшида ба таърихи адабиёти форсу тоҷик ва таҳқиқоти асарҳои классикони ин давра доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Ёқубова хабар дод, дар маросим сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ширкат варзида, китоби ӯ таҳти унвони «Шеъри муосири тоҷик» низ муаррифӣ гардид.

Ба қавли Ёқубова, дар қатори китоби сафир ҳамчунин ба ҳозирин китобҳои «Синдбоднома», ки дар асоси таҳқиқот ва таҳлили адабиётшиноси маъруф Ҷумъабой Азизқулов ба нашр расидааст ва китоби «Китобшиносии Фирдавӣ»-и адабиётшинос Абдуллоҷон Юнусов низ пешкаш гардиданд.

Номбурда афзуд, ба иштирокдорони  маросим маҷаллаи нави илмии «Андеша» тақдим гардид, ки дар он мақолаҳои олимони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистону Аврупо гирдоварӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.