Боздошти 144 нафар ифротгароёни эҳтимолӣ дар соли гузашта

Дата:


Соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 144 нафар афроди дастдошта ба ифротгароиву терроризм боздошт шуданд.

Имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 123 нафар ҷиҳати баррасии минбаъда ба судҳо фиристода шуда, тафтишоти парвандаҳои боқимонда идома дорад.

«Миёни боздоштшудагон 36 нафарашонро аъзои созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», 11 нафарашонро аъзои «Ҷамоати Таблиғ», 76 танро аъзои Ҳаракати исломии Туркистон ва 15 нафарашонро аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ ташкил медиҳанд», – иброз дошт прокурори генералӣ.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳудуди 16,6 ҳазор ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 34% бештар аст. «Афзоиши шумори ҷиноятҳо маъмулан аз фаъолияти хуби сохторҳои қудратӣ ва беҳтар бақайдгирии ҷиноятҳои содиршуда гувоҳӣ медиҳанд», – гуфт Шерхон Салимзода.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта 164 ҷинояти аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои кишвар содиршуд ошкор гардидаанд, ки 101-тои онҳо ба суистеъмол аз ваколатҳои хидматӣ ва коррупсия мансубанд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное