Ҳамкории адвокатҳо ва ТҶ дар масоили пешгирии шиканҷа

Рӯзҳои 9-11 январи соли 2013 Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои ҳимоятгарон ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа» семинар доир месозад. Дар ин чорабинӣ сарвари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева ба ҳайси тренер фаъолият мекунад. Тавре аз ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 9-11 январи соли 2013 Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои ҳимоятгарон ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа» семинар доир месозад. Дар ин чорабинӣ сарвари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева ба ҳайси тренер фаъолият мекунад.

Тавре аз ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» хабар доданд, семинар дар доираи лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти Байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ин давраи омӯзишӣ саҳмгузорӣ дар мубориза бар зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо, ҳимояи ҳуқуқии ҷабрдидагони шиканҷа ва пешбарии стандартҳои озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ мебошад.

Зимнан зикр гардлид, ки Дар ҷараёни семинар масоили фаъолият тибқи расмиёти махсуси Шӯрои ҳуқуқи инсон ва ирсоли шикоятҳо ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ, инчунин қонунгузории миллӣ ва санадҳои байнулмилалӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва ҳимояи ҷабрдидагон баррасӣ мешаванд. Ба ҷуз ин, таҳлили марҳилаҳои асосии иштироки ҳимоятгарон дар баррасии парвандаҳои марбут ба ҳолатҳои шиканҷа, аз ҷумла, алгоритми амалҳои пайдарҳами адвокат ҷиҳати ҳимояи ҷабрдидагони шиканҷа (дастгиркунӣ, тафтишоти пешакӣ, суд), маслиҳатдиҳӣ ва гузаронидани мусоҳибаҳо бо ҷабрдидагони шиканҷа ба нақша гирифта шудааст.

Дар анҷоми семинар иштирокдорон масоили густариши ҳамкории адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти пешгирии шиканҷа баррасӣ мекунанд.


Маълумот:

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурӯҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад, ки манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.