Ҳ.Зарифӣ фаъолияти кишварҳои узви «Муколамаи ҳамкорӣ дар Осиё»-ро пурмаҳсул арзёбӣ кард

Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви «Муколамаи ҳамкорӣ дар Осиё», ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона мегузарад, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маърӯзааш қайд кард, ки имрӯз ҷаҳон ба бӯҳрони бесобиқаи молиявӣ мувоҷеҳ гаштааст, ки он дар пай норасоии ғизову бӯҳрони энергетикиро ба бор хоҳад […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви «Муколамаи ҳамкорӣ дар Осиё», ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона мегузарад, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маърӯзааш қайд кард, ки имрӯз ҷаҳон ба бӯҳрони бесобиқаи молиявӣ мувоҷеҳ гаштааст, ки он дар пай норасоии ғизову бӯҳрони энергетикиро ба бор хоҳад овард ва Тоҷикистон бо заминҳои серҳосил ва захоири бузурги обиву энергетикӣ омода аст, дар ҳалли ин масоили рӯзмарра саҳм бигирад. «Мо бо назардошти имконоти мавҷуда ва баҳри раҳоӣ аз ин мушкилот густариши ҳамкориҳои минтақавиро дар ин самт муҳим мешуморем», – гуфтааст ӯ.




Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин фаъолияти кишварҳои узви «Муколамаи ҳамкорӣ дар Осиё»-ро пурмаҳсул арзёбӣ карда, изҳор доштааст, ки дар як муддати кӯтоҳ ин сохтор ба таҳкими муносиботи ҳамкорӣ ва эътимод, роҳандозии воситаҳои мутақобилан судманди ҳалли мушкилот дар минтақаи Осиё муваффақ гаштааст. Ба қавли вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ, феълан дар доираи ин сохтор дар ҳудуди 20 самт, аз ҷумла паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, мухобирот, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкориҳо амалӣ мегарданд.



Дар мавриди шарҳи масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои обиву барқӣ дар Тоҷикистон, Ҳ.Зарифӣ таъкид сохтааст, ки иқтидори энергетикии Тоҷикистон феълан ба истеҳсоли 527 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол арзёбӣ мешавад ва айни замон ҳамагӣ 5 дарсади он истифода мегардаду халос. «Сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ имкон фароҳам хоҳанд сохт, ки содироти он ба кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ ва Халиҷи Форс ба роҳ монда шавад ва ман ин ҷо бори дигар таъкид сохтаниам, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба манфиати ягон кишвари ҳамҷавори минтақа халал ворид нахоҳад сохт», – изҳор доштааст ӯ.



Ёдрас мекунем, ки чанде қабл вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари кории серӯза ва барои иштирок дар кори иҷлосияи 7-уми вазирони умури хориҷии «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона рафт.




Ҳ.Зариф


ӣ


инчунин дар дар Ҳамоиши вазирони умури хори


ҷ


ии кишварҳои мусалмон


ӣ


ва давлатҳои ғарб таҳти унвони «


Ҷ


аҳони умум


ӣ


: рушду тавсеъа тавассути тарзу шаклҳои гуногун» низ ширкат хоҳад варзид.



Қобили зикр аст, ки дар кори и


ҷ


лосия ширнкати вазирони умури хори


ҷ


ии 30 кишвари дунё дар назар аст. «Муколамаи ҳамкор


ӣ


оид ба Осиё»

 

соли 2002 таъсис ёфта, То


ҷ


икистон 4 сол пеш ба узвияти он пайвастааст.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.