Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, дар паёми худ бахшида ба ин ҷашн Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба масъалаи афзоиши бештари нобаробарӣ дар ҷаҳон, ки ба миллионҳо нафар барои аз фақр раҳоӣ ёфтан имкон намедиҳад, таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
«Дар баробари таҷлил аз Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ мо дар ҳама ҷо густариши имконот барои аққалият ва афзоши нобаробарӣ барои аксариятро мушоҳида мекунем», – баён мегардад дар паём.
Дар паём таъкид мегардад, ки бо қабули Ҳадафҳо дар соҳаи рушди Эъломияи ҳазорсола сарони кишварҳои пешрафта уҳдадор шуданд, ки дар ҷаҳон шароитҳои бештар баробар ва адолатнокро фароҳам меоваранд, вале миллиардҳо одамон имрӯз натиҷаҳои ин ваъдаҳоро эҳсос намекунанд.
«Бо ният ба бунёди ҷаҳони барои мо дилхоҳ биёед баҳри таъмини роҳи фарогиру баробар ва устувори бар муколама, ошкорбаёнӣ ва адолати иҷтимоӣ асосёфта бештар кӯшиш ба харҷ диҳем», – даъват кардааст Пан Ги Мун.


