Тамдиди муҳлати анҷоми сохтмони корхона дар кони тилои «Покруд»

Дар сомонаи расмии ширкати бритониёии Kryso Resources PIc иттилоъ дода мешавад, ки муҳлати анҷоми сохтмони корхонаи истихроҷи тило дар кони «Покруд» (112 километрии шимолу шарқи Душанбе) ба вақти номуайян мавқуф гузошта мешавад. «Сохтмони кони зеризаминӣ ва зербинои ба он марбут дар Покруд дар муҳлати пешбинишуда, яъне моҳи марти соли 2014 ба итмом намерасанд», – гуфта […]

Заррина Эргашева


Дар сомонаи расмии ширкати бритониёии Kryso Resources PIc иттилоъ дода мешавад, ки муҳлати анҷоми сохтмони корхонаи истихроҷи тило дар кони «Покруд» (112 километрии шимолу шарқи Душанбе) ба вақти номуайян мавқуф гузошта мешавад.

«Сохтмони кони зеризаминӣ ва зербинои ба он марбут дар Покруд дар муҳлати пешбинишуда, яъне моҳи марти соли 2014 ба итмом намерасанд», – гуфта мешавад дар хабари ширкат.

Дар ҶДММ «Покруд» дар Тоҷикистон иттилои мазкурро тасдиқ намуда, дар ин робита директори ширкат Абӯалӣ Исматов изҳор намуд, ки сабаби тамдиди муҳлати анҷоми сохтмони корхонаро мутахассиони ширкат ба мушкилгузар будани минтақаи кӯҳистон (баландии то 2 ҳазор метр) ва шароитҳои душвори кор дар фасли зимистон нисбат додаанд. «Бо фаро расидани мавсими гармӣ корҳои асосӣ  дар майдони сохтмон шурӯъ мешаванд», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ, ширкати Kryso ба идомаи сохтмони кон ва иқтидори он итминони комил дода, вале дар бораи муҳлати нави анҷоми сохтмон ва оғози истеҳсоли тило дар он мушаххасан хабар намедиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми сармояи зарурӣ барои рушди корхона 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати хароҷотбарории лоиҳа ба арзиши тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста хоҳад буд. Айни замон сохтмон комилан 100% аз ҷониби ширкати Kryso бо ҷалби мутахассисони тоҷик маблағгузорӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки иқтидори аввалияи корхона истихроҷи 600 ҳазор тонна маъдан ва 2 тонна тило дар як солро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин нуқра низ истихроҷ хоҳад шуд. Дар таркиби маъдани ин кон тило 4,43 грамм дар як тоннаро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки дар миқёси ҷаҳон дар сурати дар маъдани кон мавҷуд будани таркиби 0,8 грамм тило дар як тонна маъдан, ин кон ояндадор арзёбӣ мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.