Боздиди намояндагони Вазорати нақлиёти Қирғизистон аз Душанбе

Ахири моҳи феврали соли равон як гурӯҳи коршиносони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ҷиҳати баррасии масоили ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахши наклиёт ба Душанбе меоянд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек, зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ва ҳамчунин ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири моҳи феврали соли равон як гурӯҳи коршиносони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ҷиҳати баррасии масоили ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахши наклиёт ба Душанбе меоянд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек, зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ва ҳамчунин ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯавии масоили дуҷониба Қалиқбек Султонов дар ин хусус мувофиқа ҳосил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти намояндагони Вазорати нақлиёту коммуникатсияи кишвари ҳамсоя бо ҳамтоҳои тоҷики худ баррасии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мухобироти байнулмилалии автомобилӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири қирғиз ҳамчунин атрофи масъалаҳои сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгарди таъиноти минтақавӣ, аз ҷумла пайвастшавии роҳи мошингарди Ош-Ботканд-Исфана ба роҳи мошингард то Хуҷанд ва такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ дар бахши танзими фаъолияти нақлиётиву коммуникатсионӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки соли 2012 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо беш аз 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ду маротиба зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.