Сафари вазири маълумоти олии Афғонистон ба Тоҷикистон

Таҳти сарварии вазири маълумоти олии Афғонистон Убайдуллои Убайд як ҳайати ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҶТ Фарида Гадоева иттилоъ дод, сафари мазкур ҳанӯз ахири соли гузашта пешбинӣ гардида, баррасии муносибатҳои дуҷониба ва роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи маориф аз ҷумлаи ҳадафҳои он аст. «Ҳайат аз […]

Маҳпора Киромова


Таҳти сарварии вазири маълумоти олии Афғонистон Убайдуллои Убайд як ҳайати ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҶТ Фарида Гадоева иттилоъ дод, сафари мазкур ҳанӯз ахири соли гузашта пешбинӣ гардида, баррасии муносибатҳои дуҷониба ва роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи маориф аз ҷумлаи ҳадафҳои он аст.

«Ҳайат аз 6 нафар иборат буда, дар он намояндаи Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маълумоти олии Афғонистон Хушҳол Тасаллӣ ва ректори Донишгоҳи тиббии ин кишвар Шириноқо Зариф ҳузур доранд», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, имрӯз вохӯрии вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва вазири маълумоти олии Афғонистон Убайдуллои Убайд доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он ду Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши маориф миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳирот ва ҳамчунин миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ ва Донишгоҳи Парвон ба имзо мерасанд.

«Имрӯз ҳамчунин вохӯрии ҳайати кишвари ҳамсоя бо ректорони макотиби олии Тоҷикистон дар назар буда, дар он аслан сари таҳсили донишҷӯёни Афғонистон дар ин муассисаҳои таълимӣ сухан хоҳад рафт. Ғайр аз ин, нимаи дуюми рӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон У.Убайд бо донишҷӯёни афғони муқими Тоҷикистон мулоқот хоҳад орост», – гуфт Гадоева.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола Вазорати маорифи Тоҷикистон барои шаҳрвандони Афғонистон 50 адад квотаи таҳсил дар макотиби олии ҷумҳурӣ ҷудо мекунад. Айни замон дар макотиби олии Тоҷикистон беш аз 260 нафар донишҷӯёни афғон таҳсили илм мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.