Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Кувайт – муовини вазири молияи Давлати Кувайт Халифа Мусоид Ҳамода мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ масоили рушди алоқаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт, инчунин масъалаҳои вобаста ба баргузор намудани ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро байни палатаҳои савдо ва саноати ду давлат муҳим шумориданд.
Халифа Мусоид Ҳамода қайд кард, ки ҷониби Кувайт омода аст робитаҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика, илм ва фарҳанг густариш диҳад.



