Омодагии Кувайт ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Кувайт – муовини вазири молияи Давлати Кувайт Халифа Мусоид Ҳамода мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ масоили рушди алоқаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт, инчунин масъалаҳои вобаста ба баргузор […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Кувайт – муовини вазири молияи Давлати Кувайт Халифа Мусоид Ҳамода мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ масоили рушди алоқаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт, инчунин масъалаҳои вобаста ба баргузор намудани ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро байни палатаҳои савдо ва саноати ду давлат муҳим шумориданд.

Халифа Мусоид Ҳамода қайд кард, ки ҷониби Кувайт омода аст робитаҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика, илм ва фарҳанг густариш диҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.