Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов мегӯяд, дар сурати истирдод ба ватан хатари таҳдид ба ҷони ӯ аз эҳтимол дур нест.
Бино ба иттилои Search News, зимни шарҳи қарори суди ноҳиявии Бориспол оид ба ҳабси муваққатиаш ба муддати 40 рӯз ӯ чунин ибрози назар кардааст.
«Онҳо зинда будани маро намехоҳанд. Онҳо дар муддати ду-се ё ҳадди ниҳоӣ 4 моҳ маро зинда намегузоранд. Ин кор аз дасти онҳо меояд ва ман инро ба хубӣ медонам. Агар ба Украинаву адолати судӣ ва ҷомеа ин масъала арзише надошта бошад, пас тақдир ҳамин будааст», – изҳор кардааст Абдуллоҷонов.
Ба гуфтаи собиқ нахуствазири Тоҷикистон, ӯ аз қарори суд қаноатманд набуда, ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурданист.
Андрей Федур, ҳимотгари Абдуллоҷонов изҳори умедворӣ намудааст, ки зерҳимояи ӯ ба мақомоти Тоҷикистон супурда намешавад. «Зерҳимояи маро ба кишваре, ки дархост мекунанд, истирдод кардан лозим нест, зеро дар онҷо ба ҷони ӯ хатари воқеӣ таҳдид мекунад. Зерҳимояи ман мақоми гурезаро соҳиб аст ва бояд ҳамчун гуреза мавриди ҳифз қарор гирад. Ӯ мутобиқи конвенсияи байнулмилалии дахлдор ҳифз мешавад», – гуфтааст ҳимоятгар.
Рӯзи панҷшанбе суди ноҳиявии Бориспол (вилояти Киев) пешниҳоди прокуратураро
қонеъ намуда
, дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов қарор қабул кард. Абдуллоҷонов ба муддати 40 рӯз, то 17-уми март муваққатан ба ҳабс гирифта мешавад. То анҷоми ин муҳлат Душанбе бояд расман ба ҳукуматдорони Украина ҷиҳати истирдоди ӯ муроҷиат намояд.