Интернатҳои ҷанубро ДТТ ба сарпарастӣ гирифт

Чанде қабл намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ду интернати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боздид намуда, ба бошандагони он туҳфаҳо тақдим намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи рушди иқтисод ва инноватсияи филиали ДТТ дар Кӯлоб Алмосшо Шоев хабар дод, аз ин ба баъд  интернатҳои «Саричашма» ва «Арал»-и воқеъ дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Восеъ таҳти сарпарастии […]

Турко Дикаев


Чанде қабл намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ду интернати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боздид намуда, ба бошандагони он туҳфаҳо тақдим намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи рушди иқтисод ва инноватсияи филиали ДТТ дар Кӯлоб Алмосшо Шоев хабар дод, аз ин ба баъд  интернатҳои «Саричашма» ва «Арал»-и воқеъ дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Восеъ таҳти сарпарастии донишгоҳ қарор хоҳанд гирифт.

Ба қавли ӯ, ба интернатҳо ба маблағи умумии 10 ҳазор сомонӣ бо маводи ғизоӣ кӯмак расонида шуд. «Филиали ДТТ дар Кӯлоб бевосита интернати «Арал» ва идораи асосии донишгоҳ дар Душанбе интернати «Саричашма»-ро ба сарпарастӣ мегиранд», – иброз дошт вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, минбаъд бо назардошти эҳтиёҷоти интернатҳо барномаи кӯмаки доимӣ ба онҳо таҳия хоҳад гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.